Имрӯз, 1 феврал дар пойтахти Баҳрайн шаҳри Манама Конгресси 33-юми Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуд. Дар кори конгресс роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноиби аввали президенти федератсия Хуршед Мирзо, дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва сардори департаменти байналмилалӣ Давлатманд Исломов ширкат варзиданд.
Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа боз барои чаҳор соли дигар ба ҳайси президенти созмон интихоб шуд.
«Мехоҳам ба ҳамаи шумо, ки барои чор соли дигар ба ман бовар кардед, ташаккур гӯям. Футболи Осиё ба аҳди нав ворид мешавад», – гуфт Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа пас аз интихоб шуданаш ба вазифаи президент.
Ҳамзамон Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ноиби президенти ФИФА аз Осиё шуд.
Рӯзномаи Конгресси Баҳрайн ҳамчунин аз масъалаҳои интихоби ноибони президенти КФО, аъзои Кумитаи иҷроияи КФО ва Шӯрои ФИФА иборат буд.
Арабистони Саудӣ макони баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тасдиқ гардид. Арабистони Саудӣ барои нахустин бор дар таърихи худ мизбони муҳимтарин мусобиқаи қитъаи Осиё оид ба футбол мешавад.