Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Душанбе шуруъ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Душанбе шуруъ кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов омодагиҳоро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оғоз кард.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе, ки то 3 феврал идома мекунад, 32 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 15 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд. Қисмати асосии ҳайати яккачини наврасони мамлакатро футболбозони бошгоҳи «Барқчӣ»-и Ҳисор ташкил медиҳанд. Даста дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 дар минтақаи Душанбе баромад карда, дар як гурӯҳ бо КМВА (27 январ), Душанбе (30 январ) ва «Шодмон» (2 феврал) бозӣ мекунад.

Тими наврасони Тоҷикистон (U-17) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар пойтахт барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал баргузор мешавад, ба Минск меравад. Бачаҳои мо дар гурӯҳи «В»-и мусобиқа бо дастаҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат мекунанд.

 

Ҳайати васеи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17): 

Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов, Зафари Баҳруллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»), Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»);

Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Фарҳод Амирӣ, Баракатулло Нигматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода, Муҳаммаҷон Орипов (ҳама аз «Барқчӣ»), Рустам Ҷалилов («Истиқлол»), Миқдод Розиқов («Равшан»-и Кӯлоб), Мунис Саидов (МДБТИ МВ КНК, Краснодар); 

Нимҳимоятгарон: Ҳоҷӣ Абдуманон («Исфара»), Абубакр Сулаймонов, Раббонӣ Камолов, Абубакр Саидов, Билол Бобоев, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтовар Ғаюров, Аҳмадҷони Абдусаттор, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз «Барқчӣ»), Умед Назризода, Саидалӣ Иброҳимов (ҳарду аз «Истиклол»), Ҷовидон Хушвахтов («Равшан»-и Кӯлоб), Муродҷон Ҷалилзода («Ваҳдат»), Олег Скребтсов (Сочи); 

Ҳамлагарон: Беҳрӯз Хуҷаев («Хатлон»), Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Шаҳбон Наимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Ориёнмеҳри Нуриддин («Истиқлол»).

Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов.

Назари худро бинависед