Мураббии калони тими миллии Тоҷикистон Роман Пилипчук дар бозии даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Хайр” ва “Хуҷанд” иштирок карда, бозии номзадҳо ба ҳайати мунтахаби миллии кишварро тамошо мекунад.
Қаблан, мутахассиси 48-солаи украинӣ дар бозиҳои даври 11 чемпионати мамлакат байни КМВА “Помир” – “Далерон-Уротеппа” (1:0) ва “Истиқлол” – “Хайр” (8:0) ширкат карда, аз бозии номзадҳо ба аъзогии тими миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Бозии даври 12 чемпионати Тоҷикистон миёни “Хайр” ва “Хуҷанд” рӯзи 15 август соати 17.00 дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат доир мешавад.