Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш» бахшида ба хотираи собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев оғоз шуд.
Дар мусобиқа ҳафт даста ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Суғд-1», Хатлон-2, Душанбе-1 ва НТМ шомиланд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Хатлон-1», «Душанбе-3» ва «Душанбе-2» рақобат мекунанд.
Пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбад.
Мусобиқаи «Гузариш» ба хотираи Ислом Маҳмадшоев рӯзи 11 декабр ба анҷом мерасад.
Ташкилкунандагони мусобиқа Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мебошанд.
Мусобиқаи «Гузариш» бахшида ба хотираи Ислом Маҳмадшоев
Гурӯҳи «А»
Даври 1
«Суғд-1» – НТМ – 2:7
«Хатлон-2» – «Душанбе-1» – 0:2
Гурӯҳи «Б»
«Хатлон-1» – «Душанбе-2» – 0:2
Даври 2
Гурӯҳи «А»
«Суғд-1» – «Хатлон-2» – 1:3
НТМ – «Душанбе-1» – 1:5
Гурӯҳи «Б»
«Хатлон-1» – «Душанбе-3» – 0:4