Мутахассиси шинохтаи тоҷик Тоҳир Муминов баъди аз вазифаи сармурабби дастаи “Хайр”-и Ваҳдат барканор шудан, муддати зиёде бекор намонд.
Тоҳир Муминов ба вазифаи сармураббии чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб таъин шуд. Ин хабар аз ҷониби роҳбарияти клуби футболи шаҳри Кӯлоб тасдиқ гардид.
Сар аз фардо мутахассиси 45-сола фаъолияташро дар “Равшан”-и Кӯлоб оғоз мекунад. Рӯзи шанбеи 8 август бошад, “Равшан” дар доираи бозиҳои даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул мекунад.
Айни замон “Равшан” баъди 10 давр бо 17 имтиёз дар зинаи панҷуми чемпионат қарор дорад. Дастаи шаҳри Кӯлоб нисбат ба “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки зинаи дуюми ҷадвали чемпионатро ишғол мекунад, ҳамагӣ шаш имтиёз кам дорад.
P.S. Имрӯз, 6 август, яке аз беҳтарин нишонзанҳо дар таърихи мунтахаби миллии Тоҷикистон Тоҳир Муминов зодрӯз дорад. Мавсуф 45-солагии худро таҷлил меунад. Соҳибҷашнро ба ин муносибат сидқан муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату хонаи обод ва дар пешаи мушкилу пуршарафи мураббигӣ барору комёбиро таманно дорем!