Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016, ки аз 14 то 16 ноябр доир мегардад, мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев субҳи рӯзи 5 агуст тавассути хатсайри ҳавоӣ барои гузаронидани бозии дӯстона бо мунтахаби футзали Имороти Муттаҳидаи Араб ба Дубай парвоз намуд. Вохӯриҳои дӯстона рӯзҳои 6 ва 8 август баргузор мешаванд.
Аз Дубай дастаи мунтахаби футзали мо барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ ба Ал-Кувайт сафар мекунад. Омодагии футзалистони тоҷик дар он ҷо то 16 август идома мекунад. Дар доираи ин омоадгӣ гузаронидани ду бозии дӯстона бо мунтахаби миллии футзали Кувайт дар назар дошта шудаст.
Дар ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ Ҳусейн Шодиев бо худ 15 нафар бозигарон – 3 дарвозабон ва 12 бозигари майдониро ҳамроҳ гирифтаст.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози моҳи июн ҷиҳати омоадгӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Баҳори Эрон гузаронид.
Ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Муродулло Алиқулов («Газпром»), Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Шӯҳрат Бибудов («Сипар»);
Бозигарони майдон: Мансур Мамедбабаев, Шерзод Ҷумаев (ҳар ду аз «Бонки миллӣ»), Раҳмоналӣ Шарипов, Шавкат Ҳалимов, Ораз Ализода, Муҳаммад Раҳмонов (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Дилшод Саломов, Меҳрубони Тиллозода (ҳар ду аз «Газпром»), Некрӯз Алимаҳмадов (ТКБ «Лизинг»), Фуркатҷон Ахмедҷонов, Шаҳром Шодиев, Андрей Георгиевский (ҳама аз «Сипар»).
Ҳайати роҳбарикунанда: Комрон Шодиев – менеҷер, Ҳусейн Шодиев – сармураббӣ, Пайрав Воҳидов – мураббии калон, Акбар Абдуллоев – мураббӣ-таҳлилгар, Даврон Олимов – духтур.