Аҳлиддин Турдиев: «Мақсади мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтан аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Аҳлиддин Турдиев: «Мақсади мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтан аст»

Дар остонаи оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ баргузор шуд. Сармураббии дастаи ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев гуфт, ки даста барои роҳхати марҳилаи ниҳоии мусобиқот мубориза мебарад.

 

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20): 

– Дастаи мо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода аст. Дар муқоиса бо чемпионати CAFA-2022, мо тавонистем, ки дастаи пурқувватамонро ҷамъ кунем. Ҳама легионерҳо, ба истиснои Хусрав Тоиров, дар ихтиёри даста мебошанд. Нимҳимоятгари «Атирау»-и Қазоқистон рӯзи 16 сентябр ба ҳайати мунтахаби кишвар шомил мешавад. Ҳамаи бачаҳо дар ҳолати хубанд. Ҳар як бозигар масъулиятро дарк мекунад ва ба бозиҳо ҷиддӣ омода шудааст. Гурӯҳи мо баробар аст. Ҳама рақибонро эҳтиром мекунем ва аз бозӣ ба бозӣ тайёр мешавем. Вазифаи мо роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон аст. Боварӣ дорем, ки бачаҳо аз уҳдаи он мебароянд.

 

Муҳаммад Фадзуҳасни Бин Ҷурами, сармураббии тими ҷавонони Сингапур (U-20): 

– Барои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ду моҳ вақт доштем. Мо дар чемпионати Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ иштирок намудем, ки дар он чандон хуб баромад накардем, аз чор вохӯрӣ сетоашро бохтем. Новобаста аз нишондодҳои паст дар мусобиқаи АСЕАН, кӯшиш хоҳем кард, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Душанбе хуб ҳунарнамоӣ кунем. Ба назари ман, фаворити асосии гурӯҳ тими миллии Тоҷикистон аст.

 

Ҳасан Ҳасоун, ёвари мураббии тими ҷавонони Лубнон (U-20): 

– Мо ба Душанбе фақат барои натиҷаи мусбат омадаем. Ҳамаи ҳарифонро бодиққат омӯхтем – ҷамбаҳои бартарӣ ва сустии онҳоро медонем. Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё мо дар Ҷоми кишварҳои араб ширкат карда, бо ҳамсолони худ аз Алҷазоир (1:2) ва Либия (0:2) бозӣ кардем. Ғайр аз ин дар Ереван бо дастаи Арманистон бозиҳои рафиқона доштем, аз ин рӯ, тайёрӣ пурсамар буд. 

Эзоҳ: мунтахаби ҷавонони Камбоҷа (U-20) шоми имрӯз ба Душанбе ворид шуд. Ба ин далел сармураббии даста дар нишасти хабарии қабл аз мусобиқот ширкат карда натавонист.

Назари худро бинависед