Комиссяи КФО дар Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Комиссяи КФО дар Тоҷикистон

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон гурӯҳи кории Конфедератсияи футболи Осиё дар доираи барномаи рушди “Kick-Off” қарор дорад. Гурӯҳи мазкур аз  мавқеи ҷойгиршавии ҳамаи даҳ клуби лигаи олии мамлакат дидан меунад.

Ҳаминро қайд мекунем, ки сар аз имсол Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирокчии барномаи рушди “Kick-Off”-и АФК гардид. Қаблан 24 федертсияи миллии узви Конфедератсияи футболи Осиё  аъзои барномаи мазкур шудаанд. Мақсади асосии барномаи “Kick-Off”-и Конфедератсияи футболи Осиё расонидани кӯмак ба ассосиатсияҳои футболи миллӣ дар роҳбарии клубҳои футболӣ ва лигаҳо мебошад.

Ба ҳайати намояндагии Конфедератсияи футболи Осиё дар Душанбе мутахассисони зиёд, аз ҷумла сардори рушди ассотсиятсияҳои аъзои АФК Стюарт Ларман (Британияи Кабир), директори молиявӣ Брайан Куан (Малайзия), сардори таҳқиқот ва хадамоти дастгирӣ Стив Ким (Кореяи Ҷанубӣ), роҳбари литсензиякунонии клубҳо Маъаджан Васудеван Наир (Ҳиндустон), менеҷери шӯъбаи техникӣ Муҳаммад Басир (Сингапур) ва офитсер оиди рушд ва менеҷери барномаи рушди “Kick-Off” дар Тоҷикистон Йогеш Десай (Ҳиндустон) шомил шудаанд.

Зимни ташрифи худ ба Тоҷикистон ҳайати намояндагии КФО аз варзишгоҳ ва идораҳои даҳ клуби лигаи олии малакат дидан карда, ба шароити клубҳои футболи тоҷик шинос мешавад. Алҳол ин ҳайати намояндагӣ ба шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа сафар карда, ба ҳолати клубҳои футболи “Равшан” ва “Вахш” шинос шуд ва бо роҳбарони клубҳои мазкур вохӯрӣ гузаронд.

Добавить комментарий