Николай Левников, собиқ довари маъруфи Русия, ки бозиҳои чемпионати Аврупо дар соли 1996 ва чемпионати ҷаҳон дар соли 1998-ро доварӣ кардааст, барои доварони лигаи олии Тоҷикистон семинар мегузаронад.
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе семинари серӯза барои 27 доваре, ки бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олиро ҳакамӣ мекунанд, оғоз гардид. Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайси сухангӯйи семинар дастурдиҳандаи УЕФА Николай Левников аз Русия амал мекунад.
Дар маросими ифтитоҳии курсҳои доварон Николай Левников ҳамаи иштирокчиёнро самимона табрик намуда, изҳори умедворӣ кард, ки семинари таълимӣ ба доварони Тоҷикистон имкони такмили дониш медиҳад. Левников дар семинари серӯза оид ба мавзӯъҳои гуногуни доварӣ дарс мегӯяд.