Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов дар бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон ҷароҳат бардошта, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8-ум то 14-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат варзида наметавонад.
23 май, дар бозии сафарии Суперлигаи Ӯзбекистон-2022 бо тими «Динамо»-и Самарқанд (2:1) Алишер Ҷалилов осеби ҷисмонӣ дид. Ба ақидаи табиби тими мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов муҳлати барқароршавии вазъи саломатии бозигар якуним моҳро ташкил медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Алишер таманнои саломатӣ ва ҳарчӣ зудтар баргаштан ба майдонро менамояд!