Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Рӯзи 25 май дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод бозии дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 23-солаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
20-уми май тими олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард. Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 20 то 28 май баргузор мешавад, ба мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони тими мо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нуршанов («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Ӯзбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.