Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард.
Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мо ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 ноком сохт. Голҳои Масрур Ғафуров (аз пеналти) ва Шеравган Саидов ба дастаи 16 солаи кишвар 3 имтиёз оварданд.
Дар бозии дигари чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16) Ӯзбекистон дарвозаи футболбозони Афғонистонро голборон кард – 6:0.
Бозиҳои даври навбатии мусобиқот 16 май доир мешаванд. Дар ин рӯз Эрон бо Қирғизистон (18:00) ва Тоҷикистон бо Афғонистон (21:00) нерӯ месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад.
Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Ӯзбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1
Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Голҳо: Масрур Ғафуров, 53 – аз пеналти (0:1). Шеравган Саидов, 70 (0:2).
14 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.
Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:6