Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги ба тозагӣ интишоршудаи Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) 9 зина пойинтар рафта, дар байни 209 кишвар дар мақоми 148-ум қарор гирифтааст. Дар раддабандии қаблии ФИФА Тоҷикистон дар зинаи 139-юм қарор дошт, вале нокомиҳои тими миллӣ дар бозиҳои охир боиси чунин уфти чашмраси рейтинги Тоҷикистон дар ин раддабандӣ шудааст.
Дар садри ҷадвали рейтинги ФИФА Аргентина ду зина боло шуда, ҷои якумро аз Олмон гирифт. Белгия дар раддабандии ФИФА дар ҷои сеюм, Колумбия дар мақоми чорум ва Голландия, ки аз Бразилия пеш гузашт, дар ҷои панҷум қарор доранд. Мунтахаби миллии Чили, ки ҳафтаи гузашта унвони Ҷоми футболи Амрикоро ба даст овард, мавқеи худро дар рейтинги ФИФА 8 зина беҳтар кард, вале ҳанӯз танҳо дар мақоми 11-ум мебошад.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар рейтинги ФИФА Украина (27-ум) ва Русия (28-ум) ба даст овардаанд. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон сеюм аст, чунки Қазоқистон дар зинаи 142, Туркманистон дар 152 ва Қирғизистон дар мақоми 157-ум ҷой гирифтаанд. Узбкеистон дар раддабандии ФИФА дар зинаи 75-ум қарор дорад.
Рейтинги нави ФИФА 6 август интишор мешавад.