Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва клуби «Навбаҳор»-и Намангон Эҳсони Панҷшанбе аз мухлисон барои дастгирӣ дар бозии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо Уганда изҳори сипос кард.
«Мехоҳам ба мухлисонамон, ки ба Намангон омаданд ва моро дар бозии ниманиҳоии «Ҷоми Наврӯз-2022 бо тими миллии Уганда дастгирӣ карданд, изҳори сипос намоям. Ташаккури махсус барои дастгири ба мухлисони клуби «Навбаҳор». Аз ҷиҳати бозӣ ҳам дар назорати тӯб ва ҳам дар фурсатҳои голзанӣ аз ҳариф бартарӣ доштем. Зарбаҳои пеналтӣ як лотерея аст. Ман мехоҳам бачаҳои моро дастгирӣ намоям, ки натавонистанд пеналтиро анҷом диҳанд. Мо ҳама як даста ҳастем. Якҷоя ғалаба мекунем ва якҷо мағлуб мешавем!» – гуфт нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе пас аз анҷоми бозӣ.