Рақибони «Хуҷанд» ва КМВА дар Ҷоми КФО-2022 рӯзи 17-уми январ маълум мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Рақибони «Хуҷанд» ва КМВА дар Ҷоми КФО-2022 рӯзи 17-уми январ маълум мешаванд

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022, аз рӯи дараҷабандӣ дуюмин мусобиқи даставии қораи Осиё, дар сомонаи худ нашр намуд.

Рақибони витсе-чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар – “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ҷоизадори медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 тавассути қуръакашӣ рӯзи 17-уми январ маълум мешаванд.

Мисли соли гузашта дар минтақаи Марказии Ҷоми КФО-2022 ду гурӯҳ – як гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва гурӯҳи дигар аз се даста ташкил мешавад. Ғолибони гурӯҳ ба финали минтақавӣ роҳ меёбанд.

Дар минтақаи Марказӣ, тибқи муқаррароти Ҷоми КФО, ду намояндаи як кишвар наметавонанд дар як гурӯҳ бозӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки агар “Насаф”-и Қаршӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 роҳ ёбад, барандаи медалҳои нуқраи Суппер-лигаи Узбекистон, дастаи “Суғдиён”-и Ҷиззах дар Ҷоми КФО-2022 ширкат менамояд. Агар “Насаф” ба даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳо роҳ наёбад, он гоҳ иштирокашро дар Ҷоми КФО-2022 идома медиҳад.

 

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи Марказӣ:

Сабади 1-ум: “Насаф” ё “Суғдиён” (Узбекистон), “Хуҷанд” (Тоҷикистон).​

Сабади 2-юм: “Олтин Асир” (Туркманистон), “Дордой” (Қирғизистон).​

Сабади 3-юм: КМВА (Тоҷикистон), “Копетдоғ” (Туркманистон).​

Сабади 4-ум: “Нефтчӣ” (Қирғизистон).

Назари худро бинависед