Қуръакашии бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 16 июл, соати 10.00 дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат доир хоҳад шуд.
Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дархости дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми миллиро ба инобат гирифта санаи баргузории бозиҳои марҳилаи мазкурро тағийр кард.
Бозиҳои аввал, ки қаблан баргузорияшон рӯзҳои 4-5 июл ба нақша гирифта шуда буд, рӯзҳои 25-26 июл доир хоҳанд шуд. Бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 4-5 август гузаронида мешаванд.
Ба ин тартиб, баъди бозиҳои даври ҷамъбастии қисми якуми чемпионат байни дастаҳои лигаи олӣ ва даври ҳафтум миёни дастаҳои лигаи якум, ки рӯзҳои 27-28 июн доир мешаванд, дар чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва сабқати лигаи якуми кишвар танаффуси якмоҳаи тобистона ҷорӣ мешавад.
Дар ин байн бозии даври нуҳӯми чемпионати Тоҷикистон миёни “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Хайр”-и Ваҳдат, ки мувофиқи тақвим бояд рӯзи 27 июн доир мешуд, ба як рӯз ба баъд, яъне ба рӯзи 28 июн гузаронида шуд. Бозии ҳайатҳои ҷаонони ин дастаҳо рӯзи 27 июн баргузор мешавад.