Нишасти хабарии баъд аз бозии мураббиёни “Истиқлол” ва “Газовик” – Федерация Футбола Таджикистана

Нишасти хабарии баъд аз бозии мураббиёни “Истиқлол” ва “Газовик”

Баъд аз бозии байналмилалии дӯстона байни чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва командаи лигаи якуми Русия “Газовик”-и Оренбург нишасти хабарӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо Мубин Эргашев ва Роберт Евдокимов баргузор шуд.

Роберт ЕВДОКИМОВ, сармураббии “Газовик:

– Ташаккури зиёд барои меҳмонавозии самимона. Аз ба Тоҷикистон омадан ва бозӣ кардан бо “Истиқлол” бисёр хушҳолем. Бо вуҷуди пур набудани нишастгоҳҳои варзишгоҳ ба тамошои бозӣ мухлисони зиёд омаданд ва фаъолона дастгирӣ карданд. Ин нахустин бозии мо дар омодагӣ ба мавсими имсола буд ва аз нигоҳи мо он то андозае саргумона намуд. Аз ҷониби дигар, бо вуҷуди таъкид карданамон дараҷаи бозии “Истиқлол” бозигарони моро то андозае дар ҳайрат гузошт. Аз ин лиҳоз онҳо натавонистанд тамоми ҳунарашонро ишон диҳанд, бахусус дар қисми якуми вохӯрӣ. Мо ду нафар бозигари навамонро аз назар гузаронидем ва дар маҷмӯ мақсади асосиамонро дар ин бозии дӯстона амалӣ кардем. Аз ҳама асосиаш он ки мо ғалаба кардем. Аз бозигарони “Истиқлол” ба ман бозии Восиеви калонӣ ва боз Ҷалилов, ки мо ӯро қаблан низ аз рӯи баромадаш дар Русия мешиносем, писанд омад. Тарзи бозии “Истиқлол” аз мо андаке тафовут дорад. Аммо имрӯз бозигарони рақиб моро мафтун карданд. Онҳо бо суръати бисёр тез бозӣ мекунанд. Мо ба клуби шумо дар Ҷоми КФО барору комёбиҳоро таманно дорем.

 

Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии “Истиқлол”:

– Бори дигар ба клуби “Газовик” арои он ки даъвати моро барои гузаронидани бозии байналмилалии дӯстона пазируфта ба Тоҷикистон омаданд, сипосгузорӣ мекунам. Бозӣ бисёр шавқовару пурмазмун баргузор шуд. Натиҷаи манфӣ албатта хуш нест, аммо натиҷа аст. Баъди ин бозӣ мо хулосабарорӣ мекунем ва камбудиҳои худро дарёфта аз паи ислоҳашон мешавем. Барои бозияшон ба бачаҳои худ миннатдорӣ мекунам. Бозигари мо дар охири ҳар як қисми бозӣ андаке хаста шуданд, ки дар натиҷа ба дарвозаамон гол сар додем. Дар охири бозӣ метавонистем ҳисобро баробар кунем, аммо мутаассифона пеналтиро ба ҳадаф расонида натавонистем. “Газовик” дастаи пурқувват аст. Бозигаронаш бисёр фаъоланд. Зуд аз хати ҳимоя ба ҳуҷум мегузаранд ва ё бар акс. Дар амалҳои даста кори хуби сармураббӣ Роберт Евдокимов баръало дида  мешавад.

Добавить комментарий