Эмомалӣ Раҳмон дар Шуғнон майдончаи футболбозиро мавриди ифтитоҳ қарор дод – Федерация Футбола Таджикистана

Эмомалӣ Раҳмон дар Шуғнон майдончаи футболбозиро мавриди ифтитоҳ қарор дод

Рӯзи сешанбеи 28 сентябр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдончаи футболбозиро мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Майдончаи футбол аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта шуда, ба муносибати 30 -умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфае барои ҷавонони ноҳияи Шуғнон гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмони майдони футбол баҳои баланд дода, бо варзишгарони минтақа, ки барои мулоқот бо Пешвои миллат омаданд, гарму самимӣ сӯҳбат намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба варзишкорони шуғнонӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили тӯбҳои футболбозӣ ва сарулибоси варзишӣ тақдим намуда, майдончаи варзиширо мавриди истифодабарӣ қарор дод.

Назари худро бинависед