Лигаи наврасони “Пешсаф”-и Тоҷикистон байни футболбозони то 14 сола ҷамъбаст шуд ва дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш бо роҳбарии сармураббӣ Сафаралӣ Раҳмонов ғолибиятро дар Лигаи мазкур ба даст овард.
Дар доираи ин мусобиқа дастаи МҶМОВ 16 бозӣ гузаронда дар 15 бозӣ ғалаба карда, фақат дар 1 бозӣ ба бохт дучор шудааст. Ба ин тартиб, дастаи МҶМОВ бо 35 имтиёз унвони қаҳрамониро соҳиб гашт.
Қобили зикр аст, ки якбора ду даста – МҶМОВ-2 (Душанбе) ва “Ҷавонӣ” (Ҷаббор Расулов) 30 имтиёзиро ба даст оварданд, аммо вобаста ба ғалабаҳо дар бозиҳои байнихудӣ мақоми дуюм насиби дастаи наврасони пойтахт ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи наврасони ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид.
Маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони Лига дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» баргузор шуд ва Ҷому медалҳои ғолибиятро ба соҳибонашон Директори Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков супорид.
Аз рӯи натоиҷи ҷамъбасти мусобиқа Меҳрубон Бобохонов (МҶМОВ) беҳтарин бозигари Лигаи наврасони то 14 сола шинохта шуд. Фурқон Раҳимзода аз дастаи МҶМОВ нишонзани беҳтарини Лига шуд. Беҳтарин бозигари мавсим дар ҳайати «Ҷавонӣ» Азизбек Муратов ва дар ҳайати МҶМОВ-2 Абӯбакр Шоев эътироф гаштанд. Мураббии МҶМОВ Сафаралӣ Раҳмонов беҳтарин мураббии Лига дар мавсими имсола шинохта шуд.