Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми ҶСК «Оби Зулол» бахшида ба “30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст шуд.
Дар мусобиқа 16 даста ширкат варзиданд. Дар марҳилаи интихобӣ дастаҳо ба чор гурӯҳи чор дастагӣ тақсим шуда, рақобат карданд. Тибқи Низомномаи мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду дастагӣ ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт ва марҳилаҳои баъдии мусобиқа аз рӯи тартиби олимпӣ баргузор шуданд.
Рӯзи панҷшанбеи 2-юми сентябр бозиҳои ниҳоии мусобиқа сурат гирифтанд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм «Соро компания» бо ҳисоби 2:1 бар «Рахш-Такси» пирӯз шуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Осимӣ» ва «Амонатбонк» рӯ ба рӯ шуданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби баробари 2:2 анҷом ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти бошад, бахт ба рӯи бозигарони дастаи “Осимӣ” хандид ва даста бо ҳисоби 3:2 ғолиб гардид.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ҷонишини директори генералии ҶСК “Оби зулол” Бонухон Азимова, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ва менеҷери Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок карда, ҷоизаҳоро ба ғолибон тақдим намуданд.
Дар баробари Ҷому медалҳои ғолибият ба дастаи ғолиби мусобиқа маблағ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, ба дастаи мақоми дуюм 3000 сомонӣ ва ба дастаи мақоми сеюм 2000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Дарвозабони дастаи «Амонатбонк» Мурод Алиқулов – беҳтарин дарвозабон, Фирӯз Сангов аз «Соро компания» – беҳтарин нишонзан шинохта шуданд. Рамазони Шамсиддин аз дастаи «Осимӣ» – беҳтарин бозигари мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҶСК “Оби зулол” шинохта шуд.