Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбе таҳти раёсати Тоҳир Нурзода баргузор шуд, ба дастаи “Кӯктош” дар бозии ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон бо “Локомотив”-и Душанбе бохти техникӣ (0:3) эълон кард.
Ин муҷозот ба дастаи ноҳияи Рӯдакӣ барои аз ҷониби даста риоя нашудани банди 10-уми боби 5-и Кодекси интизоми ФФТ (дар бозӣ иштирок кардани бозигари ба таври муқарраргардида номнависнашуда) раво дониста шуд. Инчунин, ба “Кӯктош” барои вайрон кардани Кодекси интизомӣ ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Ба ин тартиб, ба марҳилаи 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015 дастаи “Локомотив”-и Душанбе роҳхат гирифт.