Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016-ро аз бозӣ бо Ироқ оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016-ро аз бозӣ бо Ироқ оғоз мекунад

Мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016-ро аз бозӣ бо Ироқ оғоз мекунад. Қайд мекунем, ки дружинаи Салоҳиддин Ғафуров – мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ки мизбони гурӯҳи “F” аст, бо мунтахабҳои ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Малдив рақобат мекунад. Марҳилаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузарад.

Дар бозии даври ифтитоҳии ин мусобиқа мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  рӯзи 2 октябр бо ҳамсолони худ аз давлати Ироқ вомехӯрад. Дар даври дуюм, ки рӯзи 4 октябр доир мешавад, шогирдони Салоҳиддин Ғафуров бо мунтахаби ҷавонони Баҳрайн ва дар даври ҷамъбастӣ рӯзи 6 октябр бо ҷовонони Малдив рақобат мекунанд.

Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 (U-19), ки соли оянда дар Баҳрайн доир мегардад, ғолибони ҳамаи 10 гурӯҳ ва боз аз ҳамаи гурӯҳҳо 5 дастаи ҷои дуюми соҳиби нишондиҳандаҳои баланд, роҳхат мегиранд.

Агар мунтахаби ҷавонони Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии мусобиқа аст, дар гурӯҳи мо ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори панҷ дастаи соҳиби нишондиҳандаҳои баланди ҳамаи гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми дорои нишондиҳандаҳои баланд ба мусобиқа роҳ меёбад.

 

Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё2016 барои мунтахабҳои зери 19-сола дар гурҳӯи “F:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

Ироқ – ТОҶИКИСТОН

Баҳрайн – Малдив

 

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Баҳрайн

Малдив – Ироқ

 

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

Малдив – ТОҶИКИСТОН

Ироқ – Баҳрайн Winstones Resort and Casino Kolikkopeli :: kasinopelitfi

Добавить комментарий