Тими миллии Тоҷикистон баъди бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Таиланд (2:2) як рӯз истироҳат намуда, имрӯз дар ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Дубай бо ҳайати пурра тамрини навбатияшро гузаронд.
Охирин шуда ба дастаи мунтахаб ҳимоятгари “Нарва Транс”-и Эстония Табрези Давлатмир ҳамроҳ шуд. Ҳоло ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Усмон Тошев 24 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро дар ихтиёр дорад.
Пеш аз оғози машқҳои имрӯза дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгар Манучеҳр Сафаровро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфт ва пас аз он тамринҳои мукаммали худро гузаронд.
Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай то 2 июн идома хоҳад кард. Субҳи барвақти 3-юми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Дубай ба Осака парвоз карда, дар он ҷо бозиҳои ҷамъбастии даври дуюми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2022-ро дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон (июн) ва Мянмор (15 июн) анҷом медиҳад.