Капитани “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Ҷалилов бо сабаби латбардорияш наметавонад дар ду бозии боқимондаи марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо Ҷопон (7-уми июн) ва Миянмор (15 июн) иштирок намояд. Ҳарду бозии мазкурро тими миллии Тоҷикистон дар Осакаи Ҷопон мегузаронад.
Ёдрас мешавем, ки Алишер Ҷалилов дар бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон муқобили “Эсхата”-и Хуҷанд аз буҷулаки пояш лат бардошт ва марҳилаи барқароршавиро дар Қазони Федератсияи русия мегузаронад.