Тими миллии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Дубай оғоз намуд. Дар рафти омодагӣ дастаи мунтахаби миллии мо рӯзи 29-уми май дар Шарҷаи Имороти муттаҳидаи Арабӣ бо тими миллии Таиланд бозии дӯстонаи санҷишӣ мегузаронад.
Дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Дубай ҳамлагари «Динамо-Авто»-и Молдова Шаҳром Самиев ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Айни замон дар қароргоҳи мунтахаби миллии Тоҷикистон 22 бозингар ҳозир аст.
Нимҳимоятгари дастаи «Локомотив»-и Пловдив Парвизҷон Умарбоев, ки дар чемпионати Булғористон бо клубаш медалҳои нуқраро ба даст овард, рӯзи 28 май ба ҳайати мунтахаби кишвар пайваст мешавад. Ҳимоятгари клуби “Нарва Транс”-и Эстония Табрези Давлатмир ва капитани дастаи “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар бозии дӯстонаи дар пеш истода муқобили тими миллии Таиланд ба дастаи мо кӯмак карда наметавонанд. Онҳо дар поёни ҷамъомади таълимиву тамринӣ пеш аз ба Осака рафтани даста ба қароргоҳи тими миллӣ ҳозир хоҳанд шуд. Баъд аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ тими миллии Тоҷикистон ба Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо тимҳои миллии Ҷопон (7 июн) ва Мянмор (15 июн) вомехӯрад.