Усмон Тошев: «Ғолибият аз ҳама муҳим аст, аммо мехостам боз ҳам беҳтар бозӣ кунем» – Федерация Футбола Таджикистана

Усмон Тошев: «Ғолибият аз ҳама муҳим аст, аммо мехостам боз ҳам беҳтар бозӣ кунем»

Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Усмон Тошев ғалабаи дастаашро дар бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бар тими миллии Муғулистон бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 чунин шарҳ дод.

 

Усмон ТОШЕВ, сармураббии дастаи мутахаби миллии Тоҷикистон:

– Мо пирӯз шудем – ин чизи аз ҳама муҳим аст, аммо ман мехостам боз ҳам беҳтар бозӣ кунем. Ман мехостам дар баъзе лаҳзаҳо суботро ба даст орем, аммо имрӯз чунин набуд. Мушкилӣ дар он аст, ки даста якмаром бозӣ намекунад. Дар ҳар сурат, ман аз бачаҳо миннатдорам, онҳо кӯшиш карданд.

Пеш аз бозӣ ба бачаҳо гуфтам, ки барои худро бовариноку озод ҳис кардан онҳо бояд ба задани голи барвақтӣ муваффақ шаванд. Аммо, голи барвақт задаи мо гӯё ки бар зиёнамон шуд. Мо медонистем, ки Муғулистон хуб дифоъ мекунад, аз ин рӯ мо мехостем дар канорҳо бозӣ кунем, гарчанде ки мо ин тавр бозӣ намекунем, аммо бисёр чизҳо натиҷа надоданд. Бо вуҷуди ин, таҷрубаи бозии байналмилалии бачаҳо кофӣ нест. Дар давоми пандемия, дастаи мо як қатор бозиҳои дӯстона гузаронд, аммо мо мехостем, ки боз ҳам бештар бозӣ кунем, то хатоҳо тавассути бозиҳои дӯстона бартараф карда шаванд. Вақте ки мо ин камбудиҳоро бартараф мекунем, бозии мо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Дар бораи дебюти Алиҷони Айнии ҷавон чӣ гуфта метавонам? Инҳо бозигароне ҳастанд, ки футбол месозанд. Инҳо истеъдодҳо мебошанд. Шояд онҳо каме ҷаззоб бошанд, аммо футболро истеъдодҳо месозанд ва ман шодам, ки чунин бозигароне дорем ва онҳоро ба тими миллӣ ҷалб хоҳем кард.

Нақшаҳои ояндаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон чӣ гунаанд? Мо дар ин давр боз ду бозии дигар дорем, ки моҳи июн дар Ҷопон баргузор мешавад. Агар имкон пайдо шавад, дар моҳи май боз як бозии дӯстонаи дигар анҷом медиҳем. Дар моҳҳои апрел ва май бошгоҳҳои Тоҷикистон – “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва “Равшан” дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО бозӣ мекунанд. Мо рафти баромади онҳоро, албатта пайгирӣ мекунем.

Ба ин дастаҳо муваффақияту комёбӣ ва ҳалли вазифаҳоеро, ки дар назди худ гузоштаанд, таманно дорам.

Бо истифода аз фурсат, ман мехоҳам ба ҳамаи мухлисоне, ки имрӯз барои дастгирии мо омадаанд, ташаккур гӯям. Дастгирӣ дар варзишгоҳ дар сатҳи олӣ буд!

Назари худро бинависед