Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бар тими миллии Муғулистон бо ҳисоби калони 3:0 пирӯз шуд. Бозӣ рӯзи 25-уми март, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 9300 тамошобин баргузор шуд.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 3-юм ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов боз кард. Манучеҳр партофти хуби Муҳаммадҷон Раҳимовро бо зарбаи сар ба гол анҷом дод. Зимнан, ин голи 18-уми Манучеҳр Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби кишвар мебошад.
Голи дувумро нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов (ӯ ҳам аз бошгоҳи “Истиқлол”) дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум, зад. Вай тӯбро аз масофаи наздик вориди дарвозаи меҳмонон намуд.
Голи севумро дар дақиқаи 87-ум ҳамлагар Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова) зад. Вай тӯби ба ӯ равонкардаи Комрон Турсуновро аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд.
Дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии футбол ин бозиро тавонистанд ҳудуди 10 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо кунанд.
Ҳоло дар гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз аз 4 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ ба ҷойи дувум баромад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, тасдиқ кард.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022
Мусобиқаи интихобӣ. Маҳилаи дувум
Гурӯҳи «F». Даври 7-ум
Тоҷикистон – Муғулистон – 3:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 3 (1:0), Алишер Ҷалилов, 50 (2:0), Шаҳром Самиев, 87
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Абдулмуъмин Забиров, 85), Муҳаммадҷон Раҳимов (Табрези Давлатмир, 66), Алишер Ҷалилов, Комрон Турсунов, Парвизҷон Умарбоев (Алиҷони Айнӣ, 85), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 78).
Огоҳӣ гирифтанд: Ваҳдат Ханонов (Тоҷикистон), Гат Тугулдур (Муғулистон).
Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).
Сардовар: Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ (Ироқ).
25-уми март. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 9300 тамошобин.
Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи “F”
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | Ҷопон | 4 | 4 | 0 | 0 | 13-0 | 12 |
2 | ТОҶИКИСТОН | 6 | 3 | 1 | 2 | 9-8 | 10 |
3 | Қирғизистон | 5 | 2 | 1 | 2 | 10-5 | 7 |
4 | Мянмар | 5 | 2 | 0 | 3 | 5-13 | 6 |
5 | Муғулистон | 6 | 1 | 0 | 5 | 2-13 | 3 |
Тақвими бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи «F»:
30-юми март
Муғулистон – Ҷопон
3-юми июн
Ҷопон – Мянмар
7-уми июн
Ҷопон – Тоҷикистон
Қирғизистон – Муғулистон
11-уми июн
Мянмар – Қирғизистон
15-уми июн
Ҷопон – Қирғизистон
Тоҷикистон – Мянмар
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар Ҷопон баргузор мешаванд.