Рӯзҳои сешанбе ва чоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 баргузор шуданд. Аз рӯи натиҷаи ин вохӯриҳо дастаҳои иштирокчии марҳилаи 1\4 ниҳоии мусобиқа маълум шуданд, ки дар байнашон чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе низ ҳаст.
Дастаи пойтахти Тоҷикистон, ки дар Ҷоми КФО барои бори аввал иштирок мекунад, дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ “Ал-Ваҳда”-и Сурияро бо силсилаи зарбаҳои пеналтӣ мағлуб карда, шомили ҳашт дастаи беҳтарини Ҷоми КФО шуд. Ҷоми КФО аз лиҳози маъруфият ва дараҷабандӣ баъд аз Лигаи чемпионҳо дувумин сабқати бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиё шинохта мешавад. Қуръакашии марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми КФО-2015, ки дар он ҳарифи чемпиони мо дар ин марҳила маълум хоҳад шуд, рӯзи 18 июн дар Куала-Лумпури Малайзия доир мегардад.
Дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 дастаҳои “Саут Чайнд” ё “Китчи”-и Ҳонконг, “Ал-Қадсия”-и Кувайт, “Ҷаҳор Дарул Такзим”-и Малайзия ва ё “Ал-Ҷайш”-и Сурия ҳарифони эҳтимолии “Истиқлол” ҳастанд.
Ҳаминро бояд қайд кард, ки бозии 1/8 ниҳоӣ байни “Персипура Ҷаяпура”-и Индонезия ва “Паханг”-и Малайзия баргузор нашуд. Сабаби баргузор нашудани ин бозӣ он аст, ки ба чанд нафар бозигарони клуби давлати Малайзия додани раводиди давлати Индонезия рад карда шуд. Айни замон ин мавзӯ аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё омӯхтаву баррасӣ мешавад. Баъди пурра ҳаллу фасл шудан мавзӯ, Конфедератсияи футболи Осиё оиди ин мбозӣ қарори худро қабул мекунад.
Бозиҳои аввали марҳилаи 1/4 ниҳоӣ 25-26 август ва бозиҳои ҷавобӣ 15-16 сентябр доир мешаванд.
Ҷоми КФО-2015. 1/8 финал
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ваҳда» (Сурия) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2
Голҳо: Раслан Ал-Курдӣ, 21 (0:1). Раслан Ал-Курдӣ, 34 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1).
Силсилаи пеналтӣ: Нуриддин Давронов – 1:0. Усома Умарӣ – 1:0 (дарвозабон). Аҳтам Назаров – 2:0. Муҳаммад Катая – 2:1. Фатҳулло Фатҳуллоев – 3:1. Муҳаммад Ҳамдку – 3:2. Парвизҷон Умарбоев – 4:2. Маҳмуд Хадуҷ – 4:2 (тири дарвоза).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 77), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Эраҷ Раҷабов, 84), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (к), Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Аҳтам Назаров, 67), Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳонида шуданд: Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).
26 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказииҷумҳуриявӣ. 17 100 тамошобин.
«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – 2:0
«Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қадсия» (Кувайт) – 0:1
«Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчи» (Ҳонконг) – 0:2
«Джохор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Эйявади Юнайтед» (Мянма) – 5:0
«Ал-Джайш» (Сурия) – «Ал-Джазира» (Урдун) – 1:0
«Ал-Шорта» (Ироқ) – СК «Кувайт» (Кувайт) – 0:2
Бозии байни «Персипура Джаяпура» (Индонезия) – «Паханг» (Малайзия) баргузор нашуд.