Витсе-чемпиони Тоҷикистон, бошгоҳи футболи “Хуҷанд” номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев, ки солҳои 2013 ва 2017 мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд, сармураббии дастаи футболи соҳили Сирдарё таъин шуд.
Ба ситоди мураббиёни Рустам Хоҷаев ба сифати мураббии калон Фаррух Марофиев, ба ҳайси мураббии селексионер Мансур Ҳакимов ва мураббии дарвозабонҳо Алишер Тӯйчиев шомил шуданд.
Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 “Хуҷанд”-ро роҳбарӣ карда, бо даста Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 барандаи медалҳои нуқра гашта буд. Дар мавсими соли гузашта бошад, Хоҷаев ба ситоди мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд ва пас аз рафтани ӯ, иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов бошад вазифаи ёвари ӯро ба зимма дошт.
«Эҳсосоти махсусеро ҳис мекунам, ман хеле шодам, ки бори дигар ба ман ин бошгоҳи бузурги дорои таърих ва анъанаҳои бойро бовар карданд. Ман мехоҳам ба роҳбари вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори клуб Муродҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими дар пеш истода интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони “Хуҷанд” ҳастем. Ҳанӯз аз даврае ки ман ба сифати футболбоз ба “Хуҷанд” омадам ва ҳанӯз аз он вақте ки дастаро ба сифати мураббӣ машқ медиҳам, нағз медонам, ки мардум дар ин ҷо ба таври махсус ба дастаи худ муҳаббат дошта онро дӯст медоранд ва дастгирӣ мекунанд!», – гуфт Рустам Хоҷаев пас аз таъин шуданаш ба хадамоти матбуоти клуб.