Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар вилояти Хатлон дувоздаҳ даста ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2021 дар вилояти Хатлон дувоздаҳ даста ширкат мекунад

Қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор шуд.

Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дар вилояти Хатлон дувоздаҳ даста ширкат мекунад. Ин дувоздаҳ даста ба шаш дастагӣ дар ду минтақа ҷудо мешаванд. Дар минтақаи Бохтар дастаҳои «Пахтакор» (Қабодиён), «Хатлон» (Бохтар), «Бохтар-33-33» (Бохтар), «Чашма» (Шаҳритус), «Моҳир» (Ёвон) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) иштирок менамоянд.

Дар минтақаи Кӯлоби мусобиқа бошад барои соҳиб шудани роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), «Ҳулбук» (Восеъ), «Ҳосилот» (Фархор), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Шоҳин» (Муъминобод) рақобат мекунанд.

Марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Бохтар рӯзи 22 январ дар варзишгоҳи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар минтақаи Кӯлоб бошад, рӯзи 23 январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб шурӯъ мешавад.

Дастаҳои ғолиби марҳилаҳои минтақавии вилояти Хатлон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 мешаванд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи пешакӣ. Вилояти Хатлон

Минтақаи Бохтар

«Пахтакор» (Қабодиён)

«Хатлон» (Бохтар)

«Бохтар-33-33» (Бохтар)

«Чашма» (Шаҳритус)

«Моҳир» (Ёвон)

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)

 

Даври 1-ум

22 январ (ҷумъа)

10:30 – «Пахтакор» – «Панҷшер»

12:30 – «Хатлон» – «Моҳир»

14:30 – «Бохтар-33-33» – «Чашма»

 

Даври 2-юм

24 январ (якшанбе)

10:30 – «Панҷшер» – «Чашма»

12:30 – «Моҳир» – «Бохтар-33-33»

14:30 – «Пахтакор» – «Хатлон»

 

Даври 3-юм

26 январ (сешанбе)

10:30 – «Хатлон» – «Панҷшер»

12:30 – «Бохтар-33-33» – «Пахтакор»

14:30 – «Чашма» – «Моҳир»

 

4-й тур

28 январ (панҷшанбе)

10:30 – «Панҷшер» – «Моҳир»

12:30 – «Пахтакор» – «Чашма»

14:30 – «Хатлон» – «Бохтар-33-33»

 

Даври 5-ум

30 январ (шанбе)

10:30 – «Бохтар-33-33» – «Панҷшер»

12:30 – «Чашма» – «Хатлон»

14:30 – «Моҳир» – «Пахтакор»

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Бохтар дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегузаранд.

 

Минтақаи Кӯлоб

«Равшан» (Кӯлоб)

«Файзканд» (Восеъ)

«Ҳулбук» (Восеъ)

«Ҳосилот» (Фархор)

«Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)

«Шоҳин» (Муъминобод)

 

Даври 1-ум

23 январ (шанбе)

10:30 – «Равшан» – «Шоҳин»

12:30 – «Файзканд» – «Сарҳадчӣ»

14:30 – «Ҳулбук» – «Ҳосилот»

 

Даври 2-юм

25 январ (душанбе)

10:30 – «Шоҳин» – «Ҳосилот»

12:30 – «Сарҳадчӣ» – «Ҳулбук»

14:30 – «Равшан» – «Файзканд»

 

Даври 3-юм

27 январ (чоршанбе)

10:30 – «Файзканд» – «Шоҳин»

12:30 – «Ҳулбук» – «Равшан»

14:30 – «Ҳосилот» – «Сарҳадчӣ»

 

Даври 4-ум

29 январ (ҷумъа)

10:30 – «Шоҳин» – «Сарҳадчӣ»

12:30 – «Равшан» – «Ҳосилот»

14:30 – «Файзканд» – «Ҳулбук»

 

Даври 5-ум

31 январ (якшанбе)

10:30 – «Ҳулбук» – «Шоҳин»

12:30 – «Ҳосилот» – «Файзканд»

14:30 – «Сарҳадчӣ» – «Равшан»

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мегузаранд.

Назари худро бинависед