“Истиқлол” ба чорякфинали Ҷоми КФО баромад! – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” ба чорякфинали Ҷоми КФО баромад!

Чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол»-и  Душанбе  дар даври якҳаштниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст дод ва ба даври чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 баромад. Бозӣ шаби 26 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар ҳузури бештар аз 17 ҳазор тамошобин доир шуд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 21 бозигари “Ал-Ваҳда” Раслан Ал-Курбӣ боз кард. Дар дақиқаи 34 бошад, ин бозигар ба хатогӣ роҳ дода, тӯбро аориди дарвозаи дастаи худ намуд ва ҳисобро баробар кард.

​Дар қисми дувум ва ҳамин тавр дар вақти иловагӣ ҳисоб тағйир наёфт ва бозӣ ба зарбаҳои ҷаримавӣ кашонида шуд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра “Истиқлол” ба дарвозаи меҳмонон чаҳор гол зад ва ба дарвозаи худ ду гол сар дод. Ҳамин тавр дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби умумии 5:3 бар дастаи “Ал-Ваҳда” пирӯз шуд ва ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 роҳ ёфт.

 

Ҷоми КФО-2015. 1/8 финал

«Истиқлол» (Тоҷикистон) «Ал-Ваҳда» (Сурия) 1:1. Аз рӯи пеналтӣ  4:2

Голҳо: Раслан Ал-Курдӣ, 21 (0:1). Раслан Ал-Курдӣ, 34 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Нуриддин Давронов – 1:0. Усома Умарӣ – 1:0 (дарвозабон). Аҳтам Назаров – 2:0. Муҳаммад Катая – 2:1. Фатҳулло Фатҳуллоев – 3:1. Муҳаммад Ҳамдку – 3:2. Парвизҷон Умарбоев – 4:2. Маҳмуд Хадуҷ – 4:2 (тири дарвоза).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 77), Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Эраҷ Раҷабов, 84), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (к), Фатҳулло Фатҳуллоев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Аҳтам Назаров, 67), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

26 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказииҷумҳуриявӣ. 17 100 тамошобин.

 

Дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ Рафаат Муҳаммад, сармураббии «Ал-Ваҳда», ба хабарнигорон чунин иброз дошт: “Мо бозии хуб нишон додем. Рақибамонро хуб омӯхта будем. Аз фурсатҳо ҳарду дуста тавонистанд истифода баранд. Тӯб бештар дар дастаи “Истиқлол” буд. Аммо агар мо аз ҷиҳати ҳуҷум гӯем, бозигарони мо дар хатти пеш нисбат ба ҳариф фаъолтару хавфноктар буданд. Чунин даста ба мисли “Истиқлол” бо мухлисонаш метавонад дар ин мусобиқа болотар равад. Умед дорам, ки “Истиқлол” соҳиби  Ҷом шавад, барои ин ҳамаи таманниётро ба даста изҳор мекунам. Ман аз бозигарони худ, ки бозии хуб нишон доданд, муташаккирам”.

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон чунин гуфт: “Он гуна ки интизор будем, бозӣ хеле мураккабсурат гирифт. “Ал-Ваҳда” яке аз рақибони гузаштнопазир аст. Бозии муташаккил мекунанд, ҳам дар ҳаракати дастаӣ ҳам дар хатти дифоъ ва ҳам дарҳуҷум. Мехостам, ба мухлисони даста, ки барои дастгирии мо ба варзишгоҳ омаданд, миннатдорӣ баён кунам. Ба бачаҳо ташаккур меӯям. Онҳо бори дигар иродаи қавӣ нишон доданд. Ин бозии 35-уми мо дар ин мавсим буд. Чунон ки мушоҳида кардед, бозигарони мо дар майдон фаъол буданд. Рақибамон низ, албатта, лаҳзаҳои хуби голзанӣ дошт. Хушҳолам, ки бозӣ бо пирӯзии мо ба охир расид. Вале, албатта, намехостем, ки кор то ба силсилаи пеналтӣ расад.Ҳамааш барои мо хуб анҷом ёфт”.

Дар ин нишаст, инчунин Никола Стошич, дарвозабони “Истиқлол”, ки қаҳрамони ин бозӣ гардид, гуфт, бозӣ хеле вазнин гузашт, вале ғалабаи мо шоиста аст.

Ба ин тартиб, барои аввалин бор дар таърихи футболи тоҷик як дастаи кишвар ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфтааст. Рақиби “Истиқлол” дар чаҳорякфинал бар асоси қуръакашӣ муайян хоҳад шуд.

Добавить комментарий