Сармураббии “Ал-Ваҳда”-и Сурия Рафаат Муҳаммад дар нишасти хабарии пеш аз бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 бо “Истиқлол” иброз намуд, ки дар ин марҳила бозӣ бо чемпиони Тоҷикистонро интизорӣ надошт.
“Бо вуҷуди бад будани вазъи сиёсӣ дар Сурия, дар кишвар чемпионати футбол идома дорад. Мо ба бозӣ муқобили “Истиқлол” 18 бозигар овардаем, ки се нафарашон узви мунтахаби миллии кишваранд. Дар дастаи мо, ки дар чемпионати Сурия пешсаф аст, легионерҳо бозӣ намекунанд. Мутаассифона, даври ҳаштякниҳоии мусобиқа аз як бозӣ иборат аст ва аз рӯи натиҷаи сабқати гурӯҳӣ мо дар сафар бозӣ мекунем. Ин, албатта, барои ба чорякфинал баромадан душвориҳо пеш меорад. “Истиқлол”-ро, ки бозигарони олӣ дорад, мухлисонаш дастгирӣ хоҳанд кард. Мо бозиҳои рақибамонро дар сабқати гурӯҳӣ хуб омӯхтем ва ба хулосае омадем, дар байни клубҳое, ки дар Ҷоми КФО бозӣ мекунанд, “Истиқлол” яке аз зӯртаринҳост. Муқобили “Истиқлол” бозӣ кардан ҳарчанд мушкил аст, вале мо ба Душанбе барои пирӯзӣ омадаем”,- гуфт сармураббии “Ал-Ваҳда” Рафаат Муҳаммад.