Бо баргузории се бозии даври панҷум қисми аввали мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.
Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи қисми аввал дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёзӣ ду даста – Мактаби варзишии махсусгардонидашудаи футбол, чавгон ва аспронии вилояти Суғд ва “Хатлон”-и Бохтар пешсаф мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур мувофиқи системаи даврӣ дар ду қисм баргузор мешавад ва ҳар як даста даҳ бозӣ мегузаронад. Мусобиқа моҳи ноябр анҷом хоҳад ёфт.
Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон. Даври 5-ум
ММФЧА – «Зарнисор» – 6:0
«Равшан» – «Хатлон» – 1:3
«Ҳосилот» – «Навбаҳор» – 1:0
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | ММФЧА (Суғд) | 5 | 4 | 0 | 1 | 26-4 | 12 |
2 | «Хатлон» (Бохтар) | 5 | 4 | 0 | 1 | 11-5 | 12 |
3 | «Ҳосилот» (Фархор) | 5 | 3 | 1 | 1 | 5-7 | 10 |
4 | «Навбаҳор» (Мастчоҳ) | 5 | 2 | 0 | 3 | 13-5 | 6 |
5 | «Зарнисор» (Вахш) | 5 | 1 | 1 | 3 | 3-16 | 4 |
6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 5 | 0 | 0 | 5 | 3-24 | 0 |
Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева (ММФЧА) – 14 гол, Муҳайминаи Гулаҳмад (Хатлон) – 8 гол, Заррина Имомназарова (ММФЧА) – 6 гол, Саида Соатилоева (Мастчоҳ) – 5 гол, Умеда Карабошева (Мастчоҳ) – 4 гол.