Бозии чемпиони секартаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанберо бо “Ал-Ваҳда” Сурия дар доираи марҳилаи 1/8 финали Ҷоми КФО-2015, ки рӯзи 26 май, соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, бригадаи доварон аз Ҷопон бо сардории рефери 34-солаи ФИФА Иида Юмпей ҳакамӣ мекунанд.
Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш Отсука Харухиро ва Шинджи Оши, ки ҳар ду рефери ФИФА буда, 40-солаанд, ёварӣ мекунанд. Вазифаи довари эҳтитётиро Илгиз Танташеви узбекистонӣ ба ӯҳда дорад. Нозири доварони вохӯрӣ Юсуф Мирзо Рустам аз Арабистони Саудӣ ва комиссари бозӣ, собиқ сардори сабҳқатҳои бошгоҳии КФО Бенҷамин Тан аз Сингапур таъин шуданд.
Иида Юмпейи 34-сола сар аз соли 2011 рефери ФИФА аст. Дар давоми собиқаи доварии худ ӯ 57 бозии байналмилалиро ҳакамӣ намудаст. Дар 57 бозӣ Юмпей 11 маротиба пеналти таъин карда, ба бозигарон 116 корти зард ва 4 корти сурх нишон додаст. Юмпей чор сол пеш ба ҳайси сардовар бозии ниҳоии Ҷоми президенти КФО-2012-ро, байни “Истиқлол” ва “Дордой”(2:0) дар Душанбе ҳакамӣ карда буд.