Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки он бо сабаби пандемияи коронавирус ба соли оянда мавқуф гузошта шуд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо ҳамсолони худ аз Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бозиҳои дӯстона байни тимҳои наврасони Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзҳои 21 ва 24 сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” -и шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Хуҷанд ду бозии дӯстона байни тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуда буд (0:1, 4:1).
Бозиҳои дӯстона
21 сентябр (душанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Узбекистон (U-16)
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоляти Тоҷикистон»
24 сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Узбекистон (U-16)
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоляти Тоҷикистон»