«Сипар» – ғолиби марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

«Сипар» – ғолиби марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон

Дастаи футзали “Сипар” -и Хуҷанд дар бозии хонагияш “Муҳоҷир”-и пойтахтро бо ҳисоби 7 бар 4 мағлуб сохта, пеш аз як даври боқимонда ғолиби марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд.  Футзалбозони дастаи соҳили Сирдарё дар нӯҳ бозии баргузоршуда 25 имтиёз ба даст оварданд.

Дастаи футзали “Соро компания” ҳам бо касби 22 имтиёз ба бозиҳои ниманиҳоии Лига роҳ ёфт. “Соро компания” дар даври навбатӣ бо ҳисоби бузурги 15 бар 1 “Самандар”-и Турсунзодаро шикаст дод.  Дар бозии дигари даври пеш аз ҷамъбастӣ “Истаравшан” дар Кӯлоб бар “Равшан” бо ҳисоби 11 бар 7 пирӯз шуд.

Даври ҷамъбастии марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 7 сентябр доир мешавад ва дар он дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд: «Сипар» – «Равшан», «Муҳоҷир» – «Самандар» ва «Истаравшан» – «Соро компания».

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд) 9 8 1 0 68-22 25
2 «Соро компания» (Душанбе) 9 7 1 1 78-15 22
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 9 4 0 5 46-50 12
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 9 4 0 5 64-68 12
5 «Равшан» (Кӯлоб) 9 2 0 7 42-79 6
6 «Самандар» (Турсунзода) 9 1 0 8 36-100 3

 

Нишонзанҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 20 гол, Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 15 гол, Иқбол Воситзода («Сипар») – 14 гол, Фаридун Расулов («Истаравшан»), Собирҷон Гуляков («Сипар») – 13 голӣ, Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания») – 12 гол, Муҳаммад Раҷабов («Соро компания») – 11 гол.

 

Дар даври 10-ум вомехӯранд:

6 сентябр (якшанбе)

«Муҳоҷир» – «Самандар»

«Истаравшан» – «Соро компания»

8 сентябр (сешанбе)

«Сипар» – «Равшан»

Назари худро бинависед