Тими миллии Тоҷикистон дар майдони Академияи «Бунёдкор» дар Тошкент тамрин намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар майдони Академияи «Бунёдкор» дар Тошкент тамрин намуд

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки шоми сешанбе барои як бозии дӯстона бо тими миллии Узбакистон ба Тошканд омад, дар майдони Академияи Бунёдкор тамрин кард.

Дар Тошканд ҳимоятгари “Бунёдкор” Давронҷон Эргашев ба тими миллиямон пайваст. Ҳамин тавр, дастаи мо бо ҳайати пуррааш ҷамъ шуд. Рӯзи чоршанбе, 2 сентябр, шогирдони Усмон Тошев тамрини пеш аз бозиии худро доир мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни тимҳои миллии Узбакистон ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр дар варзишгоҳи Локомотив дар Тошканд баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 19:00.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар бозии санҷишӣ бо тими миллии Узбекистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);

Муҳофизон:Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимуҳофизон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Мохун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Назари худро бинависед