Борис Григорянс: “Истиқлол” қудрати то финали Ҷоми КФО расиданро дорад” – Федерация Футбола Таджикистана

Борис Григорянс: “Истиқлол” қудрати то финали Ҷоми КФО расиданро дорад”

Сармураббии  “Аҳал”-и Туркманистон Борис Григорянс баъди бохти дастааш аз “Истиқлол” (2:5) дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 ба нишасти хабарӣ якҷоя бо ёвари худ Гуванч Овекин омад.

Борис ГРИГОРЯНС, сармураббии “Аҳал”:

“Баъди чунин ҳисоб таассуротҳо чӣ гуна шуданашон мумкин аст? Ҳамаи мушкиламон дар он буд, ки натавонистем ба ҷои бозигаронамон, ки бо сабабҳои мухталиф дар ин бозӣ иштирок надоштанд, бозигарони муносибро пайдо кунем. Бояд эътироф кард, ки соҳибони майдон бисёр бозии хуб нишон доданд. Мо ҳам метавонистем беҳтар бозӣ кунем, аммо аз лаҳзаҳои созмондодаамон истифода карда натавонистем. Ман чунин ҳисоб мекунам, ки “Истиқлол” қудрати то финали ин мусобиқа расиданро дорад. Барои ман ҷонибҳои заъфи “Истиқлол”-ро номбар кардан мушкил аст. Ман танҳо ҷонибҳои қавии онро мебинам. “Истиқлол” бозигарони бад надорад. Ҳамаи бозигаронаш аз лиҳози техниктву ҷисмонӣ обутобётаанд. Дида мешавад, ки “Истиқлол” дастаи бисёр пурқувват аст. Ба футболбозони тоҷик дар оянда комёбиҳоро таманно дорам ва онҳоро мухлисӣ хоҳам кард”.

Гуванч ОВЕКОВ, мураббии калони «Аҳал»:

“Барои мо ин бозиҳо манфиати зиёд доранд. Бозигаронамон таҷриба мегиранд. Се бозигари ҳайати асосиямон имрӯз дар ин вохӯрӣ иштирок надошт. Бачаҳои мо нағз бозиданд, аммо дар хати дифоъ мушкилӣ доштем. Ба дастаи шумо дар оянда комёбиҳоро хоҳонам. Ман дигар гурӯҳҳоро намедонам, аммо “Истиқлол” дар гурӯҳи ниҳоят пурқувват аз ҷои якум ба марҳилаи баъдӣ баромад. Ба “Истиқлол” дар Ҷоми КФО танҳо муваффақияту ғалабаҳоро таманно дорам”.

_DSC0438

Добавить комментарий