Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои мураббиён баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагии дастаҳои мунтахаби кишвар ба мусобиқаҳои расмӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, Дабири куллии ФФТ Давлатманд Исломов, директори фаннии ФФТ Салоҳиддин Ғаффуров ва сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар рафти ҷаласаи Шӯро ҳисоботи сармураббии тими миллии кишвар Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони то 14 соли Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов ва сармураббии мунтахаби футзали ҷавонони то 20 соли Тоҷикистон Эраҷ Носеҳов шунида шуд. Онҳо дар бораи пешбукрди фаъолияти худ дар моҳи июл ҳисобот доданд.
Баъдан, иштирокчиёни ҷалсаи Шӯрои мураббиён табодули афкор намуданд.