“Истиқлол” – “Аҳал”: машварати пеш аз бозӣ (АКС) – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – “Аҳал”: машварати пеш аз бозӣ (АКС)

Дар машварати пеш аз бозӣ, ки бо иштироки намояндагони дастаҳо дар меҳмонхонаи “Шератон” доир гардид, либосҳои бозикунии “Истиқлол” ва “Аҳал”  дар бозии ҷамъбастии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 муқаррар шуд.

“Истиқлол” бо футболкаҳои сурх, шортҳои сиёҳ ва гетриҳои сурху сиёҳ бозӣ хошад кард. Бозигарони “Аҳал” бошанд бо футболкаҳои сафед ва шорту гетриҳои сабз вориди майдон мешаванд.

Дарвозабони клуби футболи пойтахт бо свитеру шорти зард ва гетриҳои сиёҳ, дарвозабони меҳмонон бошад бо либосҳои норинҷӣ бозӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки айни замон “Истиқлол” бо ҳашт имтиёз дар гурӯҳи “С” зинаи дуюм ва “Аҳал” бо бо шаш имтиёз зинаи сеюмро ишғол мекунанд.

Бозии якуми ин дастаҳо дар Ашқобод, ки рӯзи 11 март доир гардид, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи пойтахти Тоҷикистон анҷом ёфт.

Бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол” ва “Аҳал” пагоҳ, 13 май,  соати 20.45 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.

3D2A61333D2A60643D2A60753D2A60683D2A60863D2A61013D2A61233D2A6152

Добавить комментарий