Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020: Умон, Яман ва АМА рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020: Умон, Яман ва АМА рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон

Мутобиқи қуръакашии қаҳрамонии Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон (U-16)  дар гурӯҳи “В” муқобили дастаҳои мунтахаби наврасони Умон, Яман ва АМА бозӣ мекунад.

Имрӯз, 18 июн, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 байни дастаҳои мунтахаби наврсони то 16 сол (U-16)  баргузор гашт.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ наврсони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои мунтахаби наврсони ҳамсоли худ аз кишварҳои Умон, Яман ва Амороти муттаҳиддаи Араб баромад мекунанд.

Аз рӯи ҳисоб 19-умин марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврсони то 16 сол аз 25 ноябр то 12 декабр дар давлати Баҳрайн баргузор мегардад. Дар мусобиқа 16 дастаи беҳтарини Қораи Осиё ширкат мекунанд. Дар рафти қуръакашӣ ин 16 даста ба чор гурӯҳи чор дастагӣ тақсим карда шуд.

Тибқи тартиби баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё байни наврасон, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, муборизаро бо тартиби олимпӣ барои медалҳои қаҳрамонӣ ва роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2021 байни наврасони то 17 сол (U-17) идома медиҳанд ва чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхати ҳақи иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон -2021 байни наврасони то 17 сол (U-17) мешаванд. Баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2021 (U-17) дар давлати Перу ба нақша гирифта шудаст.

 

Натиқаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 (U-16):

Гурӯҳ «А»: Баҳрейн, ҶХДК, Эрон, Қатар.

Гурӯҳи «В»: ТОҶИКИСТОН, Умон, Яман, АМА.

Гурӯҳи «С»: Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, Ҳиндустон, Узбекистон.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Индонезия, Арабистони Саудӣ, Чин.

Назари худро бинависед