Никола Лазаревич: «Боварӣ дорам, ки бозии мо аз бозӣ то бозӣ беҳтар мешавад» – Федерация Футбола Таджикистана

Никола Лазаревич: «Боварӣ дорам, ки бозии мо аз бозӣ то бозӣ беҳтар мешавад»

Сармураббии “Хуҷанд” мутахассиси серб Никола Лазаревич назари худро нисбати бозии дастааш дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи “Д” муқобили “Истиқлол”, ки дар он дастаи соҳили Сирдарё бо ҳисоби 0 бар 2 мағлуб гашт, чунин баён намуд.

 

Никола ЛАЗАРЕВИЧ, сармураббии «Хуҷанд»:

– Мехоҳам “Истиқлол”-ро бо ғалабааш табрик кунам. Мо ба ҳамон андозае бозӣ кардем, ки рақибамон ба мо иҷозат дод. Бозӣ ва бартарии ҳудудӣ имрӯз дар ҷониби “Истиқлол” буданд. Мо чанд ҳолати голзанӣ доштем, аммо онҳоро амалӣ карда натавонистем. Ман аз мухлисони худ узр мепурсам, ки мо умеду орзуи онҳоро бароварда карда натвонистем. Ин танҳо оғози мавсим аст ва мо минбаъд низ саъй хоҳем кард. Дастаи мо айни замон аз лиҳози ҷисмонӣ пурра омода нест. Мо бозигарони нави зиёде дорем, ки баъзе аз онҳо ҳамагӣ пеш аз бозии плей-офф бо “Нефтчӣ” ба мо ҳамроҳ шуданд. Аз ин рӯ, дар ҷое ҳамфаҳмии мутақобила кофӣ нест, аммо мо болои ин мавзу кор мекунем. Гумон мекунам, ки бозии мо аз бозӣ то бозӣ хуб мешавад ва мо дар ин самт нишондодҳои худро беҳтар мегардонем.

Назари худро бинависед