ФФТ соҳиби студияи сайёри телевизионии андозаи HD шуд! – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ соҳиби студияи сайёри телевизионии андозаи HD шуд!

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои харидорӣ намудани студияи сайёри телевизионии андозаи  HD TV ба маблағи 500 ҳазор долари ИМА маблағгузорӣ намуд.

Студияи сайёри телевизионӣ дар доираи роҳандозии барномаи «Income Generation»-и ФИФА харидорӣ карда шуд. Сутдияи мазкур бо технологияи замонавии наворбардорӣ, ва таҷҳизотҳои ҳозиразамони HD ҷиҳозонида шудаст. Айни замон чунин студияи сайёри телевизионӣ дар Тоҷикистон ягона мебошад.

Бо ёрии ин студияи шахсии худ мо имконият пайдо мекунем, ки бозиҳои мунтахаби миллӣ ва чемпионати Тоҷикистонро ба таври мустақим намоиш диҳем.

Студияи мазкур барои аввалин бор дар бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (8:0) ва фестивали байналмилалии футболии кӯдаконаи барномаи футболи оммавии ФИФА дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ истифода шуд.

DSC_3654_DSC0085_DSC0088_DSC0101_DSC0105

Добавить комментарий