Майдони варзишгоҳи «Хайр» аз санҷиш нагузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Майдони варзишгоҳи «Хайр» аз санҷиш нагузашт

Комиссияи санҷиши иншоотҳои варзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон гузаронидани бозии даври якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва КМВА «Помир»-ро дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат иҷозат надод. Майдони футболбозии варзишгоҳ аз ҷониби комиссия ғайриқаноатбахш дониста шуд.

Имрӯз комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ ба вазъи майдони футболбозӣ, аз варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дидан намуд. Майдони варзишгоҳи витсе-чемпиони Тоҷикистон дар ҳолати ниҳоят бад қарор дошта, барои гузаронидани бозиҳои чемпионат ҷавобгӯ нест ва аз ҷониби комиссия ғайриқаноатбахш ҳисобида шуд. Дар ин майдон тамрину бозӣ кардан барои бозигарон мушкилу хатарнок аст.

Аз ин лиҳоз қарор шуд, ки бозии даври якуми чемпионати Тоҷикистон байни «Хайр»-и Ваҳдат ва КМВА «Помир»-и Душанбе дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Ин бозӣ, ки дар он «Хайр» ба ном дастаи мизбон ҳисоб меёбад, соати 16.00 шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ бо сабаби ғайриқаноатбахш будани майдони варзишгоҳ, «Хайр» бозии даври якуми чемпионатро бо «Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида буд.

_DSC9317_DSC9347_DSC9352_DSC9360_DSC9365_DSC9367_DSC9375_DSC9378

Добавить комментарий