Сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба ҳайси комиссар дар бозиҳои Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО таъин шуд.
Рӯзи 7 апрел Давлатманд Исломов бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО дар гурӯҳи «Н» байни «Вестерн Сидней Уондерерс»-и Австралия ва КФ «Сеул»-и Куриёи Ҷанубӣ, санаи 21-уми апрел дар Доха бозии даври панҷуми Лигаи чемпионҳои КФО дар гурӯҳи «С», байни «Ал-Садд»-и Қатар ва «Фӯлод Хузестон»-и Эрон ва санаи 14-уми май бошад, бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар гурӯҳи «А» байни «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Салам Ҷҳарта»-и Лубнонро ба ҳайси комиссар хизматрасонӣ мекунад. Бозии ахирӣ бо сабабҳои вазъи номутаъдили Сурия, дар Бейрути Лубнон доир мегардад.