Сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе муҳсин муҳаммадиев дар нишасти хабарии пеш аз бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 муқобили «Олтин Асир»-и Туркманистон баён намуд, ки дастаи ӯро дар ин бозӣ танҳо ғалаба қонеъ мегардонад ва дар бораи мусовӣ бошад ҳатто фикр ҳам намекунанд. Нишасти хабарӣ дар меҳмонсарои панҷситорадори “Хаятт Реҷенси Душанбе” доир гардид.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии “Истиқлол”:
– Барои баромадан аз гурӯҳ ҳамагӣ як қадами дигар мондааст. Мо ба ин бозӣ бисёр ҷиддӣ омодагӣ гирифтаем. Ба “Олтин Асир” эҳтироми хос дорем. Бисёр дастаи пурқувват аст. Мутаассифона дар бозии охири Лигаи олии Тоҷикистон бо “Хуҷанд” яке аз бозингарони ҳайати асосии мо Нуридин Давронов лат хӯрд ва мутаассифона дар бозӣ бо “Олтин Асир” наметавонад ба даста кӯмак расонад ва ин барои мо хеле дардноку аламовар аст. Дигар бозингарон бошанд имкон доранд, ки дар ин бозӣ худашонро нишон дода ба даста ёрӣ расонанд. Мо тамои қуввааамонро истифода мекунем, ки дар ин бозӣ ғолиб шавем. Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми мухлисони даста хоҳиш мекунам, ки ба Варзишгоҳ омада моро дастгирӣ намоянд. Мо дар навбати худ кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон дода ғалаба кунем ва табъи мухлисони худамонро шод гардонем.
Никола Стошич, дарвозабони “Истиқлол”:
– Ҳамаи бачаҳоро табъашон хуб аст ва ба бозӣ омода ҳастанд. Кӯшиш мекунем, ки пагоҳ дар бозӣ хуб баромад карда ба ғалаба ноил шавем ва ғалабаи худро ба дӯстамон Нуридин Давронов ҳадя кунем. Ҳар яки мо аз аввал то охир бояд танҳо барои ғалаба талош кунем. Кӯшиш мекунем, ки мухлисони худро шод гардонем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи онҳоро ба Варзишгоҳ ба дастгирии даста даъват менамоям.