Имрӯз, 19 май, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тољикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ баргузор шуд ва дар он қарорҳои зайл қабул карда шуданд:
– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои ҷорӣ оиди варзишгоҳҳо) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳосилот” — “Истиқлол” (12 май) дастаи “Ҳосилот” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои ҷорӣ оиди варзишгоҳҳо) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Барқчӣ” — КМВА “Помир” (14 май) дастаи “Барқчӣ” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 30 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иштирок накардан дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Барқчӣ” — КМВА “Помир” (14 май) сармураббии дастаи “Барқчӣ” Виталий Левченко ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 34 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (набудани логотипи ФФТ ва ЛФТ дар либосҳои бизикунӣ) дар бозии ҳайати ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои КМВА “Помир” — “Реагар-ТадАз” (5 май) дастаи “Реагар-ТадАз” ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 7 боби 3 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии ҳайати ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Вахш” — “Барқчӣ” (15 май) бозингари дастаи “Барқчӣ” Абубакри Хисмонзод аз ҳақи иштирок дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Равшан” — “Саройкамар” (16 май) бозингари дастаи “Саройкамар” Соҳибҷон Ваҳобов аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 7 боби 3 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Кӯктош” — “Сомон” (7 май) бозингари дастаи “Сомон” Хуршед Халилов аз ҳақи иштирок дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 7 боби 3 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Барқчӣ” — КМВА “Помир” (13 май) бозингари дастаи “Барқчӣ” Рустам Соиров аз ҳақи иштирок дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.