Бозии олии Девид Мавутор ва ғалабаи «Истиқлол» бар «Олой» – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии олии Девид Мавутор ва ғалабаи «Истиқлол» бар «Олой»

Дар доираи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар даври сеюм дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «D» бар чемпиони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин вохӯри шоми 18 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 14 ҳазор тамошобин сурат гирифт.

Дар ин пирӯзӣ саҳми муҳофизатгари соҳибони майдон – Девид Мавутор чашмрас буд. Дар поёни нимаи аввал баъди аз пой зада афтонидани ӯ ба дарвозаи Абдуазиз Махкамов зарбаи пеналтӣ таъин гардид ва онро Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонд. Бо ҳисоби 1:0 дастаҳо ба танаффус рафатанд.

Дар нимаи дувум, дар дақиқаи 59-ум, ҳамлагари меҳмонон Алиа Силла, легионери африқоии дастаи «Олой», ки қабалан дар дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА «Помир»-и Душанбе бозӣ мекард, ҳисобро баробар намуд. Бори дигар  бо кушиши Девид Мавутор, легионери африқоии «Истиқлол»  соҳибони майдон ба сафи пеш баромаданд. Ин ҳолат дар дақиқаи 68-ум ба вуқӯъ омад ва Девид бо зарбаи сар тӯбро ба нишон расонд. Баъди ба майдон омадани  Дилшод Восиев фишор ба дарвозаи «Олой» бештар гардид ва Дилшод дар дақиқаи 89-ум голи сеюми истиқлолиҳоро ба дарвозаи «Олой» зад.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи «Олтин Асир»-и Ашқобод  дар меҳмонӣ тими «Дордой»-и Бишкекро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Мурод Яхшиев дар дақиқаи 43-юм ва Олтимурод Аннадурдиев дар дақиқаи 85-ум ба самар расониданд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи «D» дастаҳои «Истиқлол» ва «Олтин Асир» ҳафтимтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (6-2) дар мақоми аввал ва “Олтин Асир” (5-2) дар мақоми дувум қарор доранд. Дастаи «Дордой» бо се имтиёз дар мақоми севум аст. Тими «Олой» то ҳол холе ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC, ки 3 май барпо мегардад, «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Олтин Асир» дар майдони худ бо “Дордой» вомехуранд.

 

Ҷоми AFC-2017

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 3-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Нуриддин Давронов, 45+1 – аз пеналтӣ (1:0). Алия Силла, 59 (1:1). Дэвид Мавутор, 68 (2:1). Дилшод Восиев, 89 (3:1).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Фарҳод Восиев, 90+2), Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Нуриддин Давронов, Девид Мавутор, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 85), Дмитрий Барков.

«Олой» (Ӯш, Қирғизистон): Абдуазиз Маҳкамов (Маратбек Мамасодиқов, 74), Илёс Олимов, Нурсултон Отамирзоев, Одилҷон Абдураҳмонов, Модибо Сидибе, Алия Силла, Мақсадбек Олимов (Умарбек Тухтасинов, 80), Акрамҷон Умаров, Бакибек Маматов, Аброр Қодиралиев, Шӯҳрат Раҳмонов.

Огоҳонида шуданд: Дмитрий Барков, Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»), Абдуазиз Маҳкамов, Модибо Сидибе, Бакитбек Маматов («Олой»).

Бозигари беҳтарини дидор: Девид Мавутор («Истиқлол»).

Сардовар: Хироюки Кимура (Ҷопон).

Нозири доварон: Хакан Аназ (Австралия).

Комиссари бозӣ: Доктор Бачир Абдул Холиқ (Лубнон).

18 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 14 500 тамошобин.

 

«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 0:2

Голҳо: Мурод Яхшиев, 43 (0:1). Олтимурод Аннадурдиев, 85 (0:2).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Арсланмурод Амонов («Олтин Асир»), 18 – тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

18 апрел. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Умурзоқов. 3000 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон) 3 2 1 0 6-2 7
2 «Олтин Асир» (Туркманистон) 3 2 1 0 5-2 7
3 «Дордой» (Қирғизистон) 3 1 0 2 1-4 3
4 «Олой» (Қирғизистон) 3 0 0 3 2-6 0

 

Даври 4-ум

3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 5-ум

17 май (чоршанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Добавить комментарий