Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди ҷамъабасти бозии даври дуввуми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон, ки шоми дирӯз дар шаҳри Балканобод бо натиҷаи 1:1 ба анҷом расид, бозиро чунин шарҳ дод: «Мураббӣ ҳеҷ гоҳ аз ҳунарнамоии шогирдонаш қаноатманд намешавад. Мо дар ин бозӣ вазифаи ғалаба карданро дар назди худ гузошта будем. Дар қисми якум ҳар ду даста ҳунарнамоии хуб карданд. Мо ҳуҷуми бобароре ташкил карда, ҳисобро кушодем, аммо дар нимаи дуввум бартарии соҳибони майдон бештар буд. Фикр мекунам, ки натиҷаи мусовӣ баёнгари ҳақиқии ин бозӣ аст. Ҳама муборизаҳо ҳамоно дар пешанд», – ҷамъбаст кард Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Бозингари беҳтарини вохӯрӣ, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Никола Стошич эълон гардид.
«Афсӯс мехурам, ки мо дар ин бозӣ ба ғалаба комёб нашудем. Метавонистем ҳам ғолиб оему ҳам бозиро бой диҳем. Майдон ба бозӣ мусоид набуд, тӯб гоҳе мепариду гоҳи дигар самташро дигар мекард. Акнун ба вохӯрӣ бо дастаи «Олой» тайёрӣ мебинем», – гуфт, бозингари беҳтарини ин дидор Никола Стошич.
Сармураббии дастаи «Алтин Асир» Язкулӣ Хоҷагелдиев низ хулосаҳои худро нисбати ин вохӯрӣ баён кард: «Натиҷаи мусовӣ ҳақиқати ин бозӣ аст. Дар нимаи аввал меҳмонон ба дастаи мо фишор оварданд, аммо дар нимаи дуюм мо бозиамонро дигар кардем. Футболбозони мо нисбат ба ҳариф имкониятҳои зиёди гозанӣ доштанд, вале танҳо як маротиба ба задани гол муваффақ шудем ва ҳисобро баробар кардем», – иброз дошт, Язкулӣ Хоҷагелдиев.