Як имтиёзи муҳими дастаи «Истиқлол» дар бозӣ бо «Алтин Асир»-и Туркманистон – Федерация Футбола Таджикистана

Як имтиёзи муҳими дастаи «Истиқлол» дар бозӣ бо «Алтин Асир»-и Туркманистон

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ, дар меҳмонӣ бо дастаи «Алтин Асир»-и Ашқобод қувва озмуда, бо ҳисоби 1:1 бозиашро мувоҷӣ анҷом дод ва ин ду даста бо 4 имтиёзӣ ҳамоно дар зинаҳои аввали ҷадвали ин гурӯҳ қарор доранд.

Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 31-уми бозӣ ҳисобро боз карда, меҳмононро ба сафи пеш баровард. Зарбаи Алтимурод Аннадурдиев дар нимаи дувуми вохӯрӣ  дар иҳотаи се нафар муҳофизатгарон дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошичро дар ғафлат гузошт ва ҳисоб баробар шуд. Ин натиҷа то анҷоми бозӣ боқӣ монд ва «Истиқлол» мавқеи худро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт.

Дар ин рақобат Ромиш Ҷалилов дар вақти иловашуда корти дуввуми зард гирифта, майдонро тарк кард.

Бозии дигари гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Дордой»-и Бишкек ва  чемпиони  ин кишвар-«Олой»-и Ӯш баргузор гардид ва он бо ғалабаи “Дордой”  бо ҳисоби 1:0 ҷамъбаст шуд.

Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО бар дастаи «Дордой» бо нишондоди  2:0 пирӯз шуда буд.

Даври 3-юми мусобиқа 18 апрел гузаронида мешавад ва «Истиқлол» дар майдони худ бо «Олой» ва «Дордой» бо «Алтин Асир» вориди рақобат мешаванд.

 

Ҷоми КФО-2017

Минтақаи Осиёи марказӣ. Гурӯҳи «D»

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 31 (0:1). Алтимурат Аннадурдыев, 49 (1:1).

«Алтин Асир» (Ашқобод, Туркманистон): Мамед Оразмуҳамедов, Шӯҳрат Суюнов, Арсланмурат Аманов, Довран Оразалиев, Элман Тагаев (Сердар Гелдиев, 64), Мурат Яхшиев, Сердар Аннаоразов, Акмурат Ҷуманазаров, Расул Хоҷаев (Сулаймон Муҳадов, 46), Гурбангелдӣ Батиров,  Алтимурат Аннадурдиев (Мекан Ашуров, 86).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Дэвид Мавутор, Ҷахонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 87), Дмитрий Барков.

Огоҳӣ: Сердар Аннаоразов, Алтимурат Аннадурдиев («Алтин Асир»), Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»).

Ронда шуд: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), 90+2 – корти зарди 2-юм.

Бозингари беҳтарин: Никола Стошич («Истиқлол»).

Довари майдон: Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусайн Муҳаммад (Баҳрайн).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

4 апрел. Балканобод. Варзишгоҳи «Спорт топлуми». 8500 тамошобин

 

«Дордой» (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон) – 1:0

Гол: Алишер Азизов, 87.

4 апрел. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков. 2000 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 2 1 1 0 3-1 4
2 «Алтин Асир» (Туркманистон) 2 1 1 0 3-2 4
3 «Дордой» (Қирғизистон) 2 1 0 1 1-2 3
4 «Алай» (Қирғизистон) 2 0 0 2 1-3 0

 

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)

“Дордой” (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Даври 5-ум

17 май (чоршанбе)

“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)

Добавить комментарий